Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар донишҷӯро боздошт намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузарони чизҳои шахсии донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 9 килову 6896 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон рӯз донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ин муомилоти ғайриқонунӣ ӯ ҳам даст доштааст, боздошт гардид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои ҷустуҷӯи дигар ашхоси дастдошта дар ин ҷиноят идома доранд.