Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» афсари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки масъалаи тасдиқ нашудани Протоколи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар бораи риояи ҳуқуқи маҳбусон - яке аз масъалаҳои ҳалнагардида оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи риояи ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо чанде аз кишварҳои ҳамсоя он қадр ташвишовар набошад ҳам, тасдиқи протоколи номбурда ба шаффофияту дастрасии бештар ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ ва бартараф сохтани озору шиканҷаҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.
Коршиноси байнулмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон Лилия Захариева зикр кард, ки миёни кишврҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон ин протоколро тасдиқ кардааст. «Умедворам, ки кишварҳои дигари минтақа низ иқдоми Қазоқистонро пайгирӣ карда, ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон ба иҷро мерасонанд», - афзуд ӯ.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста