Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Таҷрибаи
мамлакатҳои
Аврупо
ва
Осиёи
Марказӣ
дар
бобати
истифодаи
агентиҳои
махсуси мубориза ба
муқобили
ришвахӯрӣ» директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода қайд кард, ки бояд ҳамаи мансабдорони давлатӣ таҳти назорату санҷиш қарор дошта бошанд.
Ба гуфтаи ӯ, тӯли ду соли фаъолият дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳодисаҳои марбут ба коррупсия ошкор гардиданд. «Масалан, ҳангоми гирифтани пора мо муфаттиши додситонии куллро боздошт намудем», - гуфт ӯ.
Дар кори мизи мудаввар ҳамучунин намояндагони мақомоти зиддифасоди кишвари Литва низ ширкат варзида, оид ба таҷрибаи хеш дар ин росто ҳарф заданд. Зудрунас Барткус, корманди Хадамоти тафтишоти махсуси Литва изҳор дошт, ки мақомоти онҳо муддати 11 сол аст, ки фаъолият дорад, вале ягон дафъа дар мақомоти олии ҳокимият ҳодисаҳои коррупсиониро ошкор кардан муяссар нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф кард, ки ваколатҳои агентии зиддифасоди Тоҷикистон нисбат ба хадамоти онҳо хеле васеъ аст. «Аз ин рӯ, натиҷаҳои кори агентӣ низ бояд пурсамартар бошанд», - афзуд ӯ.
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста