Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе донишҷӯи навбатии макотиби олии пойтахт бо як миқдори маводи мухаддир боздошт шуд.

            Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши маводи мухаддир шаҳрванд М.Ф.-ро боздошт намуданд. Ӯ зодаи ноҳияи Шӯрообод буда, дар яке аз мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунад.

            Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азаназаргузаронӣ аз боздоштшуда бастаи ҳашиш бо вазни беш аз 3 кило дарёфт ва мусодира гардид.

            Ёдрас мекунем, ки аз оғози сол мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 871 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Аз ин миқдор 1 тоннаву 600 килояш ҳероин, 1 тоннаву 712 килояш афюн ва 2 тоннаву 559 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис аст.