Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи равон Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти якчанд иншооти бахши тандурустӣ ва хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободро қатъ сохт.

            Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯст ва касалиҳои зӯҳравии шаҳри Кӯлоб ва беморхонаи маҳаллии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод манъ карда шудааст.

            Номбурда мегӯяд, ин ду иншоот ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. «Ҳарчанд роҳбарони иншоотҳо якчанд маротиба огоҳӣ гирифта бошанд ҳам, вале баҳри бартарафсозии камбудиҳо ҳеҷ чорае наандешиданд», - гуфт ӯ.

            С.Давлатов афзуд, ки дар натиҷаи баргузории рейд дар бозори шаҳраки Шӯрообод фаъолияти як ошхона манъ карда шудааст. «Мудири ошхона ба маблағи 1200 сомонӣ ва мудири яке аз мағозаҳои ин бозор ба андозаи 600 сомонӣ аз ҷониби марказ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд», - иброз дошт сардухтур.