Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.
Тавре аз вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокини 32-сола ва 21-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт намуданд. Зимни кофтуков аз сумкаи варзишии онҳо ба миқдори 2 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми азназаргузаронии мошини шаҳрванди 59-сола аз сумкаи мусофири он, зани 30-сола ба миқдори 2,5 кило маводи афюн дарёфт ва мусодира карданд. «Ҳангоми кофтукови манзили зисти зан боз 620 грамми дигар чунин мавод дарёфт шуд», - афзуд манбаъ. Бо сабаби идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои ному насаби боздоштшудагон худдорӣ карда шуд.
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста