Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти расмӣ, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт гардиданд, ду баробар коҳиш ёфта, 287 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 234 нафар камтар аст.
Имрӯз дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ раиси Оҷонсии назорати маводи мухаддири кишвар - Рустам Назаров ҳамчунин хабар дод, соли гузашта дар доираи созишномаҳои миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расида, дар ҳудуди кишвар намояндагони Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия ба фаъолият оғоз карданд.
Р.Назаров афзуд, ки аксаран дар ВАО оид ба боздошти шаҳрвандон ё гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистон иттилоъ интишор мегардад, вале ҳангоме агентӣ аз он манбаъ барои ирсоли маълумот дархост исрол менамояд, маълум мешавад, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста