Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон ба дафтари кории Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи асноди марбут ба таъсиси Маркази минтақавии иттилоотиву таҳлилии мубориза бо маводи мухадирро дар заминаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.

            Зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Рустам Назаров изҳор дошт, ки феълан Маркази иттилоотиву ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. «Интизор меравад, ки дар фурсати наздиктарин лоиҳа мавриди амал қарор мегирад ва айни замон мутахассисон барои кор дар марказ интихоб карда мешаванд», - гуфт ӯ.

            Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта шумори нашъамандон дар ҷумҳурӣ ба 68 нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли 2009 шумори онҳо 8 ҳазору 660 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати тандурустии кишвар, аз миқдори умумии нашъамандон 442 нафарашон занон буда, 79,4 дарсади онҳо ҳероин ва 56,7 дарсади нашъамандон тариқи сӯзандору маводи мухаддирро истеъмол мекунанд.