Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.
Додситони кулл зикр кард, ки тайи соли ахир агентӣ ба додситонӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноёти коррупсиониро ба маблағҳои зиёд ирсол накардааст ва «ин дар ҳолест, ки дар ҳисоботҳо онҳо оид ба парвандаҳо бо маблағҳои ҳафтрақама ҳарф мезананд».
«Ҷуброни маблағҳои хисорот дар муқоиса бо солҳои пешин кам шудаанд, зеро дар фаъолияти ин агентӣ камбуду норасоиҳои зиёд ҷой доранд ва парвандаҳои омодасохтаи онҳо ба тафтишоти иловагӣ ниёз доранд, - гуфт Б.Бобохонов. – Ҳарчанд мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, вале ошкоро бояд гуфт, ки агентӣ аз иҷрои вазифаҳои ба ӯҳда гирифтааш ба хубӣ намебарояд».
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аввали соли 2008 таъсис дода шуд.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста