Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар мавриди шарҳи интиқоди додситонии кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов аз фаъолияти ғайриқаноатбахши агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ин бозгӯи он аст, ки миёни ду сохтор мухолифати манфиатҳо вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзҳои аввали таъсиси агентӣ ваколатҳои раёсати сохтори марбути додситонии кулл ба ин агентӣ дода шуданд ва аз ҳамон замон «мухолифати пинҳонии ду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ шурӯъ шуд».

Сиёсатшинос мегӯяд, ки дар додситонии кулл шӯъбаи махсусе амал мекунад, ки аз болои фаъолияти агентии зиддифасод назорат мебарад.

Ғайр аз ин, А.Мамадазимов чунин мешуморад, ки шояд рақобат миёни сохторҳо ба тағйироти кадрҳои роҳбарикунанда дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукуматӣ дар таърихи 15-уми январ марбут бошад. «Ба таъбири дигар, интиқоди садодода маънои онро дорад, ки миёни ду сохтори давлатӣ барои пешрав будан дар мубориза бо коррупсия рақобати пинҳонӣ вуҷуд дорад», - афзуд сиёсатшинос.