Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар чаҳорчӯбаи зоҳир намудани ташаббус барои баргузории мурофиаҳои додгоҳии стратегӣ барои ҳимоятгарони (адвокатҳои) вилояти Суғд машғулияти таҷрибавӣ доир сохт.

Тавре аз консорсиюми мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар семинари якрӯза 24 нафар ҳимоятгарон аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ширкат варзиданд. Ҳамоҳангсози барномаи «Дастгирии ҳуқуқии тиҷорат» Шамс Гулмамадов ба сифати коршинос дар семинар маърӯза намуд.

Ба иттилои манбаъ, ахири моҳи феврал дар шаҳрҳои зикргардида намояндагиҳои консорсиюм ифтитоҳ гардиданд ва акнун ҳуқуқшиносон бо амалисозии самтҳои афзалиятноки барнома баҳри дастгирии намояндагони маҳаллии тиҷорат кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Кормандони намояндагиҳо инчунин дар мурофиаҳои додгоҳии стратегӣ низ иштирок мекунанд.