Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Хадамоти махсуси Ҷумҳурии арабии Миср наздики 200 нафар донишҷӯ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ғарбиро, ки дар муассисаҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, боздошт кардаанд. Миёни дастгиршудагон 15 нафар донишҷӯи тоҷик низ будааст. Дар ин бора чанд дақиқа пеш дар як сӯҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Коҳира корманди сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии арабии Миср - Муҳаммадамин Шарифов хабар дод.
«Пулиси шаҳри Қоҳира иброз доштааст, ки мақсади боздошти донишҷӯёни хориҷӣ, ки аксарияташон дар Донишгоҳи исломии Ал-Азҳар таҳсил мекунанд, тафтиши санадҳои марбут ба қонунӣ будани буду боши онҳо дар ҳудуди Миср мебошад», - гуфт Шарифов ва афзуд, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср барои раҳо кардани донишҷӯёни мо ҳамаи тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.
Шарифов гуфт, ки рӯзи гузашта сафорати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии арабии Миср ҷиҳати шарҳ додани вазъи ба амаломада ва ошкор намудани маҳали нигаҳдоришавии донишҷӯён Ёддошт фиристодааст. То ин вақт муайян гардидааст, ки 9 тан аз донишҷӯёни тоҷик раҳо карда шудаанд. 6 нафар шаҳрвандони мо, ба гуфтаи корманди сафорати Тоҷикистон дар Миср,
бояд имрӯз то пагоҳ озод шаванд.
Мавриди зикр аст, боздошти оммавии донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Қоҳира шаби 26-ум ба 27-уми май дар ноҳияи Мадинат-Насри пойтахти Миср сурат гирифт.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста