Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бахшида ба 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор мешавад.
Дар ҷамъомад иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русияву Қазоқистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар назар аст. Дар фарҷоми ҷамъомад кормандони пешқадами агентӣ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардида, сипас консерти усутодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон тибқи фармони сарвари давлат 1 июни соли 1999 дар асоси амалисозии протоколи баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таъсис дода шуд. Шурӯъ аз оғози таъсис фаъолияти агентӣ қисман аз ҷониби СММ маблағгузорӣ карда мешавад.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста