Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» амалиёти вижаи мураккаберо ба анҷом расониданд, ки дар натиҷа узви фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за АНМН хабар доданд, гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон иборат буда, муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиву Русия машғул будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар яке аз ноҳияиҳои наздики пойтахт қочоқбароне, ки ба шаҳри Душанбе миқдори зиёди маводли мухаддири ҳашиш оварда буданд, боздошт шуданд. «Зимни азназаргузаронии шахсии онҳо 20 баста ва сипас дар ноҳияи Фархор боз 23 бастаи дигари дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», - гуфтанд дар агентӣ.
Айни замон қочоқбарон боздошт гардида, ҷиҳати муайян кардани аъзои боқимондаи гурӯҳ чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста