Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашмаи воломақом аз додситонии кулли ҶТ иттилоъ дод, парвандаи ҷиноии бозгардида нисбати Ҳ.Тиллоев ба фаъолияти касбии ӯ зимни ифои вазифа ба ҳайси мансабдори масъули давлатӣ
марбут аст. «Парвандаи ҷиноӣ нисбати мавсуф бар асоси якчанд аризаҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ба додситонии кулл, ки масоили молиявии ҷонибҳоро дар бар мегиранд, оғоз гардид», - гуфт манбаъ.
Алҳол аз ифшои ҷузъиёти дигари парвандаи мазкур худдорӣ карда шуд. Ҳокимшо Тиллоев аз моҳи январи соли 2006 то моҳи ноябри соли 2008 ба сифати сарвари кулли ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ифои вазифа намуд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста