Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев баҳои ҳуқуқӣ додан ба ҳукми пурсарусадои мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро рад сохт. Ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба муддатҳои зиёд ба зиндон маҳкум шуданд.
Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ, Абдуллоев изҳор дошт, ки «ин ба салоҳияти ҳайати мушовараи Додгоҳи Олӣ дахл надошта, гузашта аз ин, ҳукм ҳоло таҷдиди назар нашудааст».
Дар мавриди ба дарозо кашидани додани нусхаи ҳкумнома ба ҳимоятгарони маҳкумшудагон, ки пас аз 22 рӯзи содир шудани ҳукм санадҳоро дастрас намудаанд, Абдуллоев гуфт, қабул дорад, ки мӯҳатҳо зиёд буданд, вале ин ба сабабҳои ба онҳо новобаста, аз ҷумла, хеле зиёд будани ҳаҷми ҳукмнома – 538 саҳифа марбут аст. «Ба ҳар як маҳкумшуда 2 нусхаи ҳуҷҷат дода мешавад ва акнун метавонед тасаввур намоед, ки барои иҷрои ин кор то чӣ қадр имконоти техникӣ доштан зарур аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ӯ аз хешовандони маҳкумшудагон барои дар мӯҳлати се рӯзи мувофиқи қонун муқарраршуда дасрас карда натавонистани ҳукмнома маъзарат мехоҳад.
Сипас раисикунанда дар мурофиаи додгоҳии зикршуда додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев мустақилонаву холис сурат гирифта, ба ӯ ҳеҷ фишоре оварда нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи 33 нафар ҳаммаслакони гурӯҳи Низом Ҷӯраевро анҷом дод ва 2 нафарро аз толори мурофиа озод ва 31 нафарро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол равонаи зиндон кард.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли ҶТ ба қарори Додгоҳи Олӣ нисбат ба парвандаи ҷиноии 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфра Низомхон Ҷӯраев, ки ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд, эътироз кард. Б.Бобохонов дар маҷмӯъ, ҳукми додгоҳро нисбат ба ҳаммаслакони Низомхон Ҷӯраев «беадолатона ва ғайриқонунӣ» арзёбӣ карда буд.
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста