Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Тавилдара зимни баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат, собиқ фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёв, ки бо лақаби Мирзо Ҷага маъруф аст, боздошт шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз як мақомти қудратӣ иттилоъ доданд, ҳамроҳи ӯ боз 5 нафар ҳаммаслаконаш низ боздошт шуданд.
Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 8-уми июл ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона се нафар узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расида, як нафари дигар бо номи Қиёмуддин ҷароҳат бардоштааст, вале пас аз гузашти ду рӯз ӯ низ фавтидааст. «Баъдтар маълум шуд, ки гурӯҳи ҷиноятпешаро сокини маҳаллӣ - Неъмат Азизов, ки қаблан корманди яке аз воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда буд, созмон дода, маҳз аз ҷониби ин гурӯҳ аввали моҳи июн бо истифода аз силоҳи оташфишон афсари Вазорати мудофиаи ҶТ ба қатл расонида шудааст», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки далелҳои зимни тафтишот ҷамъоварда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҷустуҷӯи маҳз ҳамин гурӯҳ водор сохтаанд, аммо зимни задухӯрди мусаллаҳона ба онҳо муяссар шудааст, ки ба мавзеи Чилдара паноҳ баранд. «Узви гурӯҳи ҷиноятпеша баҳри кӯмак ба Мирзо Зиёев муроҷиат мекунанд ва ӯ розӣ шуда, дар ҳамроҳӣ бо онҳо бинои ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавилдараро ғасб карданӣ мешавад», - гуфт сарчашма.
Манбаъ афзуд, нерӯҳои ҳукумат рӯзи 9-уми июл амалиёти дар ҳалқа гирифтани гурӯҳро оғоз намуда, дар натиҷа рӯзи 10-уми июл М.Зиёев ва 5 нафар ҳамммаслакони ӯро боздошт кардаанд. «Айни замон ҷустуҷӯи аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша идома дошта, масъалаи ба Душанбе интиқол додани М.Зиёев ҳал мегардад», - афзуд манбаъ.
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста