Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар семинари бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 10-11-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, рӯйхати тавсияҳо барои пешниҳод ба ҳукумати кишвар тартиб длода шуд. Семинар ба мавзӯи «Ҳуқуқ ба мурофиаи додгоҳии боадолат ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ» бахшида шуда, он аз ҷониби намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ созмон дода шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар семинар масоили муҳими мустақилияти додрасон ва ҳимоятгарон, баробарҳуқуқии роҳу воситаҳои дифоъ ҳангоми тафтишот ва мурофиаи парвандаи ҷиноӣ, кафолати баргузории мурофиаи додгоҳии боадолат, риояи ҳуқуқи инсон пас аз баррасии парванда, шароити зист дар муассисаҳои ислоҳотӣ, баргузории мониторинги боздоштгоҳу маҳбасҳо ва риояи ҳуқуқи арзу шикояти инфиродӣ ба Додгоҳи конститусионии ҶТ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, интизор меравад. ки тавсияҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ ба таври бояду шояд зимни роҳандозии ислоҳоти ҷорӣ бо назардошти ислоҳоти қонунгузорӣ ва таҳияи Кодекси нави ҷиноии ҶТ ба эътибор гирифта мешаванд. «Тавсияҳо ба ҳукумати ҶТ пешниҳод гардида, аз ҷараёни амалисозии онҳо зимни муколамаи минбаъда оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар Душанбе натиҷагирӣ карда хоҳад шуд», - афзуд манбаъ.



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста