Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Феълан вазъ дар ноҳияи Тавилдара нисбатан ором аст», - иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ. Гурӯҳҳои кормандони милиса дар деҳаҳо миёни аҳолӣ бобати ихтиёран супоридани силоҳи оташфишон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Вазорати умури дохилӣ кафолат медиҳад, ки шахсоне, ки силоҳи оташфишонро ихтиёрӣ месупоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда намешаванд.
Раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов мегӯяд, вазъ дар қаламрави ноҳия мӯътадил гардида, скоинон бо корҳои ҳамарӯзаи худ машғуланд ва ба амнияти онҳо чизе таҳдид намекунад. «Дар бораи дигар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи мусаллаҳ дар ин ҷо ҳеҷ маълумоте надорам», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба мақомоти қудратии кишвар маълум шудааст, тавассути чархбол чанде аз ҷонибдорони Мирзо Зиёеви рӯзи 11-уми июл фавтида аз Тавилдара ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд, ки миёни онҳо Ҳикматулло Зиёев - бародари ӯгайи Неъмат Азизов, сардори хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тавилдара низ ҳузур дорад. «Онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва таҳқиқот идома дорад», - афзуд манбаъ.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста