Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ сардори раёсати сабти аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов изҳор дошт, ки тибқи даъвои вазорати мазкур чанд рӯзе қабл додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мувофиқи қарори худ фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳуриро қатъ кард, зеро созмони мазкур ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба ҷойи роҳандозии фаъолияти башардӯстона ба таблиғоти яке аз равияҳои мазҳаби христианӣ миёни аҳолӣ машғул будааст. «Созмони мазкур шурӯъ аз соли 1998 дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекард», - таъкид сохт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, айни замон дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт масъалаи қатъи фаъолияти боз як созмони ҷамъиятии амрикоии «Адра Интернешнл», ки он низ ба таблиғоти ғайриқонунии мазҳаби христианӣ дар Тоҷикистон машғул аст, баррасӣ мешавад. «Масъалаи қатъи фаъолияти созмони олмонии «Каритас» низ мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро фаъолияти он ба талаботи Оинномаи созмон ва қонунгузории ҶТ ҷавобгӯ нест», - изҳор дошт номбурда.
Мувофиқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо шумули созмонҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шуданд.
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста