Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -   Имрӯз дар мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистону Покистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Раҳмон Малик изҳор гардид, ки шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои вазоратҳои умури дохилии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ лоиҳаи Созишнома дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм дар сатҳи байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ ва лоиҳаи қарордоди байниидоравӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткориро пешниҳод сохтааст.

«Раҳмон Малик пешниҳоди имзои қарордоди байниидоравиро дастгирӣ карда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки Покистон баҳри муқобилат бо терроризм ва пурсамар гардонидани фаъолияти ҷонибҳо дар ин самт тамоми чораҳоро хоҳад андешид», - афзуд манбаъ.