Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Гурӯҳи занони соҳибкори бозори «Корвон» иборат аз 50 нафар ба Ассотсиатсияи занон – соҳибкорони «Кадбону» бо мактуб муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки ҷойи онҳоро дар бозор танг месозанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ассотсиатсия Сабоҳат Раҳимзода иттилоъ дод, занон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки тадриҷан ҷойҳои фурӯши онҳоро тоҷирони чиноӣ соҳиб шуда, онҳо бидуни қайди макони будубош ва қочоқи маҳсулот дар бозор ба савдо машғуланд. «Занон ҳамчунин зикр карданд, ки аз ҷониби тоҷирони Чин нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир гардида, ман худам шахсан пас аз шиносоӣ бо вазъ бевосита дар бозор ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил кардам ва чунин ҳолат бештар дар фурӯшгоҳҳои матоъ ба мушоҳида мерасад», - гуфт ӯ.
Номбурда чунин мешуморад, ки «муроҷиати занон натанҳо арзи дили онҳост, балки ошкоро вайрон кардани талаботи меъёрҳои таъмини амнияти кишвар аст». «Бо такя ба муроҷиатнома мо унвонии президенти ҷумҳурӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мактуб ирсол кардем ва дар посух моро Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дастгирӣ кард, вале кормандони масъули бозор ба занон таҳдид кардаанд, ки онҳо метавонанд умуман дар бозор аз ҷойи корӣ маҳрум карда шаванд», - изҳор дошт вай.
С.Раҳимзода афзуд, бо мақсади дастгирии занон ассотсиатсия аз номи худ дар бозор ҷойи фурӯш харидорӣ намуда, ба онҳо пешкаш хоҳад кард.
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста