Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии шаҳри Душанбе ҳолдисаи марги сокини 37-солаи пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, даақиқан мавриди таҳқиқ қарор додаст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додситони раёсат оид ба назорати тафтишот дар мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералии ҶТ Саидаҳмад Ҷамолов хабар дод, нисбат ба яке аз кормандони милиса, ки дар даст доштан ба ин амал гумонбар дониста мешавад, мутобиқи моддаи 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Нахуст мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ боз карда буд, вале додситонии шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, ба он гунаҳкорӣ тибқи моддаи КҶ-ро пешбинӣ кард ва айни замон парванди аз рӯйи моддаи «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» баррасӣ мешавад», - гуфт ӯ.
Бо ишора ба сирри тафтишот ҷаноби Ҷамолов аз ифшои маълумоти дигар дар бораи ҷараёни тафтишоти мазкур худдорӣ варзид.
Бино ба маълумоти намояндаи Прокуратураи генералӣ, соли гузашта ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноёти гуногун 13 нафар кормандони милиса боздошт шуда буданд, ки 6 нафарашон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла истифодаи тарзҳои манъшудаи бурдани тафтишот нисбат ба гумонбаршудагон ё афроди таҳти тафтишот қарордошта гунаҳкор дониста мешуданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста