Қӯрғонтеппа. 23 май. «Азия-Плюс» — Боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯрғонтеппа барои муддате чанд баста шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсаид Насимов хабар дод, дар ҷараёни баргузории санҷишҳо ошкор шудааст, ки боздоштгоҳи муваққатии мазкур дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр барои нигоҳ доштани гумонбаршудагон ба талаботи санитариву гигиении дар меъёрҳои қонун зикршуда ҷавобгӯ нест. «То анҷоми сохтмони бинои нави боздоштгоҳ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба талаботи санитариву гигиенӣ мувофиқи меъёрҳо ҷавобгӯ бошад, гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон нигаҳдорӣ карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки бинои шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз биноҳои қадимаи шаҳр шуморида шуда, боздоштгоҳи муваққатӣ дар таҳхонаи он воқеъ буд.
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста