Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш, ки дар истифодаи зӯроварӣ ва боздошти ғайриқонунӣ айбдор карда мешавад, ба суд ирсол гардид.

Бино ба иттилои муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш Ҷаъфар Мирзошарифов бо моддаҳои 316, қисми 3, банди «а» («Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ») ва 358, қисми 1 («Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан»)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба анҷом расида, барои моҳиятан дида баромадан ба суди ноҳияи Вахш ирсол карда шуд.

Тафтишот муайян кардааст, ки кормандони милиса 4-уми ноябри соли 2010, тахминан соати 21-у 40 дақиқа шаҳрванд Маҳмадшариф Шариповро бо гумонбарии дар ҳолати мастӣ содир кардани ҷинояти майдаавбошӣ ба утоқи кории Ҷ.Мирзошарифов овардаанд. Зимнан сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш аз ваколатҳои мансабии худ берун баромада, М.Шариповро мавриди латукӯб қарор додааст ва ба охирон ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ расонидааст, ки онро хулосаи экпертизаи судии тиббӣ таҳти рақами 3161 аз 8-уми ноябри соли 2010 тасдиқ кардааст.

Ба қавли муфаттиши прокуратура, Ҷ.Мирзошарифов кирдори ғайриқонунии давом дода, Шариповро дар утоқи нигаҳдории ҷинояткорон маҳкам намуда, ба навбатдори ШКД супориш додааст, ки ба боздоштшуда хӯрок ва ҷойи хоб надиҳанд. «Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки бе ичозати ӯ Шариповро озод накунанд», - афзуд Б.Ҳайдаров.

Ба гуфтаи муфаттиш, шаҳрванд Шарипов танҳо дар рӯзи дигар баъд аз огоҳӣ ёфтани бародараш Аваз Шарипов, ки дар вазифаи муовини сардори ШКД-и ноҳияи Вахш кор мекардааст, бо супориши иҷрокунандаи сардори ШКД Зоир Камолов озод карда шуд.

Оид ба ин ҳолат 14-уми декабри соли 2010 муовини прокурори вилояти Хатлон А.Иззатов нисбат ба Ҷ.Мирзошарифов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.