Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ директори филиали «Ориёнбонк»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Файзмаҳмад Зоҳировро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, боздоштшуда ба боварии як зани сокини пойтахт даромада, барои гирифтани қарз дар бонки дигар бо роҳи фиреб ҳуҷҷатҳои манзили зисти ӯро гирифтааст.
«Ӯ ин ҳуҷҷатҳоро ба гарав гузошта, аз филиали «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳаҷми 110 ҳазор доллари ИМА қарз мегирад ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф месозад», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, Файзмаҳмад Зоҳиров рӯзи 11-уми августи соли равон боздошт шудааст.
Ёдрас мекнем, ки тайи ду моҳи ахир ин дуввумин ҳодисаи боздошти кормандони «Ориёнбонк» мебошад. Қаблан роҳбари филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов боздошт шуда буд. Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки Сафармад Рустамов ба гумони авбошӣ боздошт шудааст.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста