Рӯзи 17-уми августи соли равон намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс» А. Муллоев ба адвокатҳои рӯзнома таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ карда буд.
Дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.
Дар робита ба ин масъала сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов изҳор кард, ки мақомоти раҳбарии вазорат бобати санҷиши ин ҳодиса супориш дода, тафтиши қазияи мазкур ба дӯши нозироти раёсати кадрҳои вазорат вогузор шудааст. «Ҳамаи шоҳидони ҳодиса пурсида шуда, барои ин панҷ рӯз мӯҳлат зарур аст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми август ҳангоме ки намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кард.
«Алихон Муллоев яке аз намояндагони А.Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ аст. Имрӯз вақте мо ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудем ва додрасро дар толор интизорӣ доштем, ӯ ба мо чунин гуфт: «шумо душманони мақомоти милиса ва ман шахсан шуморо аз пешониатон мепарронидам» ва «ман шуморо бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо нобуд месозам», ин суханонро ӯ чандин маротиба такроран гуфт, - гуфта буданд адвокатҳои ҳафтавор. – Ин суханон дар ҳузури шоҳидон гуфта шуданд. Дар толор намояндагони матбуот ва созмонҳои гуногуни байнулмилалии ҳуқуқӣ, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекунанд, ҳузур доштанд».
Полковник Валихон Муллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа мекунад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2025
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста