Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ваҳдат рӯзи 21-уми август сокини шаҳри Ваҳдат Даврон Тӯгаевро ба гумони даст доштан дар қатли наберааш боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, гумонбаршуда бо писараш Бахтиёр ҷанҷол карда, ба набераи яксолаи худ Шерзод заҳр – кислотаи сирко мехӯронад. «Кӯдак бо ҳолати хеле вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат расидааст», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки нисбат ба Д. Тӯгаев парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.