Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ду сарваколатдори фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов, ки оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов дар назди додгоҳ ҷавобгӯ ҳастанд, мутаваққиф гардид. Ҳарду корманди мақомот ба хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ айбдор карда мешаванд .
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ аз 17-уми июн ба таваққуф гузошта шуда, ҷонибҳо хулосаи такрории ташхиси судиву тиббиро интизоранд, ки инд афъа комиссия доир месозад. «Хулосаи аввал бо тасдиқи он ки Сангов бар асари аз баландӣ афтодан ҷароҳат бардоштааст, моро қонеъ насохт. Мо баргузории ташхиси такрорӣ бо ҷалби коршиноси мустақилро дархост намудем ва додрас ин талаби моро қонеъ намуд», - гуфт Холматова.
Адвокат мӯътақид аст, ки барои баргузории ташхис аз қабр берун овардани ҷасад зарур набуд, зеро аксҳои бардошта зимни шустани ҷасад ва ҳамчунин асноду аксҳои мавҷуда дар дасти ҷониби ҷабрдида барои он кофӣ аст. «Ҷараёни баргузории ташхис андаке ба дарозо кашид, лекин коршиносон сабаби онро ба беҳад серкор буданашон шарҳ медиҳанд», - афзуд Холматова.
Қазияи мазкур моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ намуданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста