Дар изҳороти чанде қабл интишоргардидаи Прокуратураи генералӣ гуфта мешавад, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶДММ "Мовароуннаҳр" Ҷ.Охоновро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4, банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айбдор дониста, нисбат ба ӯ чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан интихоб кардааст. Айни ҳол баррасии парвандаи мазкур дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
«Бо назардошти вақтҳои охир дар рӯзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намудани фаъолияти ҶДММ "Мовароуннаҳр", ба диққати кормандон ва мизоҷони ин ҷамъият расонида мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ, прокуратура ва судӣ фаъолияти онро қатъ ва ё манъ накардааст», - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҳолати доштани имконият ҶДММ "Мовароуннаҳр" метавонад фаъолияти худро идома диҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҷамъияти мазкур маблағи 13 417 821 сомонӣ ё 3 542 371 доллари ИМА-ро бояд ба 122 нафар саҳмгузор баргардонад, ки аз гирифтани манзили истиқоматӣ аз ҶДММ "Мовароуннаҳр" ноумед гашта, тайи чанд соли охир бозпас гардонидани маблағи худро аз ин корхона талаб доранд. Инчунин, 182 нафар саҳмгузоре, ки бо онҳо беасос шартнома баста шудаасту маблағи ба хазинаи ин ҷамъият супурдаашон 15 395 018 сомонӣ ё 4 021 895 доллари ИМА-ро ташкил додааст, бояд бо манзили истиқоматӣ таъмин гарданд. Ғайр аз ин, ҶДММ "Мовароуннаҳр" маблағи зиёда аз 12 947 000 сомонӣ қарзи аз муассисаҳои бонкӣ гирифтаашро бояд барқарор намояд ва маблағи зиёда аз 11 039 121 сомониро, ки ҷамъияти мазкур аз дигар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ то имрӯз қарздор аст, баргардонад. Зиёда аз 947 000 сомонӣ музди меҳнати кормандони ҷамъият, ки то дастгир намудани директори генералии он Ҷ.Охонов ба кормандон дода нашудааст, бояд пардохт карда шавад.
Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Баътар ба ин боз як моддаи дигар – «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» зам гардид.
Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.
Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста