Дар Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи қочоқбарони маводи нашъаорвар, ки аъзои он таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарор доштанд, қатъ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин гурӯҳ дар Қазоқистон зимни интиқоли миқдори навбатии маводи мухаддир ошкор гардидааст. «Ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон яке аз аъзои гурӯҳ боздошт гардида, ба аъзои боқимондаи гурӯҳ, аз ҷумла роҳбари он – шаҳрванди Тоҷикистон Р.Х. муяссар мегардад, ки пинҳон шаванд. Онҳо ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуда буданд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки ҷустуҷӯйи аъзои дигари гурӯҳ муддати 6 моҳ ба ҳеҷ натиҷае нарасидааст. Сипас бо дархости мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ низ ба ҷустҷинояткорон пардохтанд. Онҳо дар муддати якчанд рӯз макони будубоши аъзои гурӯҳро муайян карданд.
«Ҳафтаи гузашта ба мо муяссар шуд, ки дар Душанбе роҳбари гурӯҳ ва як нафар ҳамроҳи ӯро боздошт намоем. Дар хонаи иҷораи онҳо беш аз 42 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 9 кило героин ва 33 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», - идома дод манбаъ. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста