Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Муҳаммад Тиллозода, писари арбоби маъруфи сиёсӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи М.Тиллозода хабар дод, чанде қабл ӯ бо зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и Ваҳдат вохӯрдааст. «Вазъи М.Тиллозода хуб аст ва ӯ боварӣ дорад, ки суд нисбат ба ӯ ҳукми одилона содир хоҳад кард», - гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки М.Тиллозодаи 21-сола аввали моҳи май ба ҳабс гирифта шуда, айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешавад. Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор карда мешавад.
Дар таърихи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ҳизб аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба тафтиши қазияи мазкур машғуланд, дархост кардааст, ки тафтишот дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шавад. Писари М.Кабирӣ донишҷӯйи яке аз мактабҳои олии Малайзия аст.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста