Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд. Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА) ҷарима баст. Чун Муҳаммад Тиллозода муддати 1 моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт, маблағи ҷарима то 40 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.
Қаблан дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки хешу ақрабои навраси фавтида даъво надошта, дар ин хусус ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат аризаи дахлдор пешниҳод кардаанд. Прокуратура то ҳанӯз дар ин хусус мавқеи худро изҳор накардааст.
«Муҳиддин Кабирӣ ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ умедворанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи машғул ба тафтиши қазияи мазкур тафтишотро дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида, ба он ангезаи сиёсӣ намедиҳанд», - хабар дода буд радиои «Озодӣ».




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста