Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Азимҷон Изотмандов барои кӯшиши қатли хоҳари ҳамсараш ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Изотмандов А.А. барои он айбдор карда шудааст, ки бо роҳи фиреб ба боварии хоҳари ҳамсараш

Мелиқузиева Ф. Т., даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани 0,03 га қитъаи замин 15 ҳазору 300 сомонӣ маблағҳои номбурдаро тасарруф намуда, бо мақсади барнагардонидани ин маблағ, қасди куштор ва бо роҳи ҳуҷум тасарруф намудани амволи шахсии номбурдаро кардааст.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Изотмандов А.А. 25 апрели соли 2016 дар манзили истиқоматии Мелиқузиева С.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Турсунзода бо корд ба номбурда ҳамла намуда, бо расонидани зарбаҳои сершумор ба ў  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Номбурда Мелиқузиеваи аз ҳуш рафтаро фавтида пиндошта, молу мулки шахсии ўро  ба маблағи 5 ҳазору 245 сомонӣтасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии ИзотмандовА.А. ба ҷабрдида МеликузиеваС.Т. зарари вазнин ба саломатӣ ва зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.