Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт карданд, ки дар навор гуфтааст, 15 қадаҳ машруботи спиртӣ нӯшида, мошинро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи махсус аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи мазкур шаҳрванд Азаматқул Ҷумъаев буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсии тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, аломати қайди давлатияш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст задааст.

Акс аз торнамои dushanbepolice.tj

“Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст. Зимни пурсиши номбурда ва санҷиш муайян карда шуд, ки ронанда Азаматқул Ҷумъаев дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва машғули соҳибкорӣ мебошад”, - хабар додааст Раёсати ВКД дар Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷумъаев парвандаи маъмурӣ барои паҳн кардани хабари бардурӯғ оид ба фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомоти давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.