Суди шаҳри Душанбе як ҷавони сокини ноҳияи Восеъро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Аввали моҳи майи соли ҷорӣ ӯ дар Душанбе ҳамсоли худро кушт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди шаҳри Душанбе, маҳкумшуда Меҳроҷиддин Саидҷаъфари 18-сола муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад.

Гуфта мешавад, Меҳроҷиддин Саидҷаъфар шоми рӯзи 6 май дар кӯчаи Борбади пойтахт дар ҳолати сархушӣ аз машрубот бо сокини пойтахт, ҳамсолаш Дӯстмурод Муродов муноқиша карда, бо корд ба ӯ зарбаҳо мезанд. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.