Дар шаҳри Душанбе як ронандаи таксӣ ва мусофирзани он барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ зимни ҳаракат дар роҳ ҷазо дода шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, нимашаби 5 август ҳангоми ҳаракати автомашина ҷавонзан дар ҳолати мастӣ аз оинаи қисмати болоии автомашина (люк)-и таксӣ баромада, рақс мекард.

“Таассуфовараш он аст, ки ин амали ӯро ронандаи автомашинаи мазкур мушоҳида намуда, эрод нагирифта бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарнок ба идора намудани автомашинаи худ идома додаст”, - омадааст дар хабар.

Бо қарори суд ба сокини шаҳри Душанбе Фарида Атоеваи 27-сола 5 шабонарӯз ва ронандаи таксӣ Мақсад Раҳматови 26-сола 20 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд.

Мақсад Раҳматов
Акс: РВКД Душанбе

Суд онҳоро ҳамчунин дар халалдор ё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ низ гунаҳкор донист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.