Сокини вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоев ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар шаҳри Екатеринбурги Русия 13 апрели соли 2017 тоҷикистонии дигар - ҳамдиёр ва ҳамнасаби худ Идибек Саъдуллоевро мекушад.

“Бо сабаби хусумати шахсӣ доштан ӯ Идибекро бо роҳи буғӣ кардан мекушад ва сипас бо корд аъзои бадани ӯро ҷудо карда, дар халтаҳои полиэтиленӣ ҷой мекунад ва дар ҷойҳои гуногун мепартояд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз як рӯзи содир намудани ин ҷиноят ӯ тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон бармегардад.

Гуфта мешавад, баъди аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Русия дар бораи ин ҳодиса хабар додан ба ҳамтоҳои тоҷики худ, прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба Анвар Саъдуллоев аз рӯйи далели куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз мекунад.

Зикр мегардад, ки охири моҳи гузашта суди вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоевро ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.