Дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт рӯзи 14 сентябр мунеоқишаву занозанӣ бо истифода аз корд рух дод, ки навори видеои он аз ҷониби шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсия фавран ба ин ҳодиса расидагӣ карда, сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Муродҷон Барлосов ва сокини 44-солаи ноҳияи Фархор Шерхони Эмомалиро дар ҳолати мастии беҳад зиёд боздошт намуданд.

“Онҳо дар кӯча ҷанҷолу занозанӣ карда, якдигарро лату кӯб кардаанд”, - омадааст дар хабар. - Ҳангоми занозанӣ Барлосов ба воситаи олоти халандаю бурранда як чанд маротиба ба қисматҳои ҳаётан муҳими Шерхони Эмомалӣ зарба задааст”.

Гуфта мешавад, Шерхони Эмомалӣ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуда, Муродҷон Барлосов, ки бо сабаби мастии беҳад зиёд худро идора карда наметавонист, ба ҳушёрхона фиристода шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои сар задании ҷинояти мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.