Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дари марказҳои дилхушӣ ё ба истилоҳ “дискотекаҳо”-ро баста шуд. Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ин кор бо дастури сардухтури беҳдоштии шаҳр сурат гирифтааст.

Сардухтури беҳдоштии Хуҷанд Таҳмина Усмонова дастур додааст, ки дари бархе аз марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла  «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» баста шавад.

Сухангӯйи шаҳрдории Хуҷанд Маъмури Юсуфзод мегӯяд, ки “ин иқдом баъди хулосаи маводи муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуд ва таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд”.

Маркази назорати давлатии беҳдоштии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст.

Бастани марказҳои дилхушӣ дар Хуҷанд дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш раиси шаҳри Хуҷанд аз ташившовар шудани вазъи эпидемологии шаҳр бар пайи коронавирус изҳои нигаронии шадид карда буд.

Дар қарори манъ кардани марказҳои дилхушӣ ҳам гуфта шудааст, ки “баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази беҳдоштӣ”, марказҳои дилхушӣ метавонанд “ба фаъолияти хеш идома бахшанд”.

Сухангӯйи шаҳрдории Хуҷанд бастани дари марказҳои дилхушири ҳосили кори натиҷагирӣ аз  “фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд” ва дастури раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода номидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20201022/covid-19-naguzosht-somonu-komronsho-dar-grand-slami-budapesht-unarozmo-kunand