Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар додааст, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобирро бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 сомонӣ боздошт кардааст.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз 4 ноябр иттилоъ дод, Ҷовид Саидзода, рӯзи 3 июни соли равон "ин маблағро аз шаҳрванд “А” дар ивази дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дошт", талаб намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ки худи ҳамин рӯз шаҳрванд “А” ба Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муроҷиат намуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ Ҷовид Саидзода дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати гумонбаршуда, бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста