Кормандони пулис дар Душанбе ронандаи автомашинаи мусофирбари хатсайри №47-ро барои бо суръати баланд идора намудани нақлиёти мусофиркаш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи хатсайри №47 барои бо суръати баланд рондани автомашинаи мусофиркаш чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Гуфта мешавад, ки зимни гузаронидани як қатор чораҳои фаврии санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 шаҳрванд Давлатмирзо Саидов, санаи таваллудаш 05.01.1993 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати Навобод мебошад.

Нисбат ба номбурда барои баланд намудани суръати ҳаракат, ки боиси озори мусофирон гардидааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, барои дар оянда эҳтиром гузоштан нисбат ба мусофирон ва риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Инчунин номбурдаро кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе огоҳ намуданд, ки дар ҳолати такрори чунин қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум карда хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.