Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки як корманди Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар барои қаллобӣ боздошт гардидааст.

Ба иттилои ниҳоди мазкур,  Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш суистифода намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дар мавсими “Ҳаҷ-2020” ба зиёрати Каъба рафтанаш 80 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро намекунад ва маблағро тасарруф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Абдураҳмонов А.А. бо моддаи 247 (қаллобӣ),қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.