Дар шаҳри Душанбе 2 ронандаи автомашинаи гаронарзиш барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ боздошт гардиданд ва онҳоро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 22 ноябр ба РВКД дар шаҳри Душанбе наворе ворид гардид, ки шаби 21 ба 22 ноябр, соати 00.58 шабона 2 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ байни ҳам пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо таҳдиди хатар ба ҷони дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе – кӯчаи Мирзо Турсунзода ин амали ғайриқонуниро амалӣ намудаанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҳар ду ронандагон Асомиддинзода Исомиддин санаи таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-350»; соҳибкор, корманди ширкати мебелсозии ҶДММ «Сафо» ва Кароматулло Иброҳимов санаи таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Е-550», соҳибкор, ба хариду фуруши автомашина машғул аст, ошкору муайян ва ронандагону автомашинаҳо ба мақмомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Ҳамзамон зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастрасшудагон Асомиддинзода Исомиддин ва Кароматулло Иброҳимов бо ҳам ҳамсинф буда, баъди як нишаст бо дигар ҳамсинфонашон ҳангоми сайругашт дар кучаҳои марказии шаҳр чунин амали хатарнокро ташкил намудаанд. Тибқи санҷиш ва нишондоди ронанда Кароматулло Иброҳимов, ҳамчунин муайян карда шуд, ки номбурда ҳангоми баргаштан ба сӯи хонааш бо сабаби аз меъёр баланд будани суръати ҳаракати воситаи нақлиёташ дар рӯ ба рӯи маркази савдои Ёвар аз уҳдаи идора набаромада, ба монеаҳои бетонии давродаври канори роҳ бархӯрдааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур, нисбат ба ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста