Ғоратгарон ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Аҳмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарафтодаанд.

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо ба бинои НФС ворид шуда, хаиначии нуқтаро лату кӯб ва 1800 сомонӣ пули дар хазина бударо ғорат кардаанд.

vkd.tj

Ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 20 октябр рух дода буд. Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи гурӯҳи сафарбашудаи оперативӣ аз ҳисоби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гузашти як ҳафта аз рӯзи ҳодиса изи афроди дар ҷиноят гумонбарро пайдо намуданд.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрвандон Маъруфов Аҳмад Маъруфович, соли таваллудаш 1996, Саидов Мустақим Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирзоев Самандар Рамазонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дастгир карда шуданд.

vkd.tj

Тавре дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, боздоштшудагон қаблан таҷрибаи бойи ҷинояткорӣ доштанд.

Аҳмад Маъруфов соли ҷорӣ барои дуздӣ суд шуда, ҳаммаслакони ӯ Мустақим Саидов ва Самандар Мирзоев дар Федератсияи Россия бо ҷурми роҳзанӣ ва ғоратгарӣ маҳкум шудаанд.

“Ҳадафи ба даст овардани пули муфт ва аз ин ҳисоб машғул шудан ба айшу ишрат ва сайругашт онҳоро ба вилояти Суғд овардааст. Ва гумон доштанд, ки нақшаашонро амалӣ сохта, амалу рафтори ғайриқонуниро идома медиҳанд, - омадааст дар маълумоти ВКД. - Ғоратгарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл» қадами аввалини онҳо буд, ҳарчанд ба мақсад расиданд, аммо ҷинояти содирнамуда озодию осоиштагии онҳоро барҳам зад”.

vkd.tj

Гуфта мешавад, гумонбаршудаҳо ҳар кадоме вазифаи худро иҷро намудааст: назоратчӣ, ҳамлагар ва ғораткунанда се вазифаест, ки онҳо байни ҳам тақсим кардаанд ва маблағи тасарруфшуда низ ҳамин гуна се тақсим шудааст.

Зикр мегардад, ки нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Меъёри моддаи мазкур ҷазои ҳабсиро аз 5 то 10 сол пешбинӣ намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.