Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро баррасӣ намуда, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони маҳкумшуда бидуни ифшои ному насаб хабар дод, парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукми суд аввали моҳи декабр эълон шуда, лекин мақомоти судӣ дар ин бора хабар намедиҳанд. Дар суди ноҳияи Сино, ки мурофиаҳо ҳамон ҷо баргузор шуданд, посух ба саволҳои хабарнигори “Азия-Плюс”-ро дар ин маврид рад карданд.
Ёдрас мекунем, ки Ҷамшед Зиёев 24 апрели соли 2018 боздошт ва 16 май ба таваққуфгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд. Қаблан манбаъҳои “Азия-Плюс” зикр карда буданд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.
Иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” барои анҷоми фаъолияти бонкӣ охири моҳи феврали соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуд. Сабаби он аз уҳдаи иҷрои хизматрасонӣ ба мизоҷон набаромадани бонк унвон шуд.
Моҳи марти соли 2018 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷараёни маҷбуран барҳамдиҳии бонк шурӯъ шуд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ шуд.
Ҷамшед Зиёев ҳанӯз соли 2019 100 млн сомонӣ (ҳудуди 10 млн доллар)-ро бо амвол баргардонид. Ин пул бояд барои пардохти қарзҳо ба амонатгузорон равона мегардид. Лекин то имрӯз чӣ қадар маблаг баргардонида шудааст, маълум нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста