Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби состсиал-демкорати Тоҷикистонро  мақомот ба “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” низ гунаҳкор кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба додситонии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Одинаев пештар боздошт ва ба авбошӣ гумонбар мешуд. Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки ба зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба уҳда дорад.

Наздикони Одинаев гуфтаанд, ки мақомҳои Додситонии Ҳисор  онҳоро як ҳафта пеш дар бораи айби нав хабардор карда буданд. Аммо онҳо гуфтаанд, ки далелеро дар ин замина намебинанд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон иттиҳоми наве, ки нисбат ба Маҳмурод Одинаев эълон шудааст, аз панҷ то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбр Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар аввал боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номид, аммо 12-уми декабри соли гузашта дар Фейсбук навишт, ки дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт.

Назари Зойиров ба эълони айби дувум нисбат ба муовини боздоштшудааш дастрас нест. Гузашта аз ин, Маҳмурод Одинаев вакили мудофеи мустақил надорад ва маълум нест, худи ӯ дар ин бора чӣ мавқеъ дорад.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.