Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Аюдулвосиеви шаҳри Ваҳдат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зани бегуноҳро куштааст.

“Ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаршаванда, ба ӯ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.