Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд Пардаалӣ Алимардонов, раиси ширкати "Баракат" ва бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро барои тасарруфи ғайриқонунии 90,1 миллион сомонӣ боздошт кардааст, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Масъулони Оҷонсӣ мегӯянд, агар ӯ зарари расонидаро пурра барқарор кунад, қонуни афв нисбати ӯ татбиқ карда мешавад.

Фахриддин Акрамзода, як масъули парванди Пардаалӣ Алимардонов аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт, ки нисбат ба Пардаалӣ Алимардонов бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ ("тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон") парванда боз кардем.

"Дар ҳоли ҳозир ӯ қиман зарари расонидаро барқарор кардааст. Агар ҳамаи зарари расонидаро барқарор кунад, нисбат ба ӯ қонун дар бораи афв татбиқ карда мешавад".

Дар ҳоли ҳозир назари хонаводаи Алимардоновҳо дар бораи ин қазия ба расонаҳо дастрас нест. 

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки ширкати "Баракат", ки раҳбари он Пардаалӣ Алимардонов мебошад, фармоишгари чойхонаи маъруф ба "Харбуза" дар шаҳри Ҳисор буд ва роҳбари ин чойхона барои тасарруфи маблағҳои калони сохтмон барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Ин иттилоъро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш таъйид кард. Аммо шахсияти ин масъули чойхонаи "Харбуза" то кунун расонаӣ нашудааст.

Ҳамчунин дар доираи қазияи "Агроинвестбонк" раиси пешини ин бонк Фаррух Тағоймуродов ҳам боздошт шудааст, ки ба додани бештар аз 37 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гунаҳкор мешавад.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки дар маҷмӯъ соли гузашта дар "Агроинвестбонк" 82 миллион сомонӣ камомади пулӣ ошкор шудааст.

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардонов дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.

Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2020 дар маҷмуъ 143 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситони "Агроинвестбонк"-ро иҷборан рӯёнидаанд. 

 "Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо буҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад ва ҳоло 650 миллион сомонии дигар қарзи пасандозҳои мардумро нагардонидааст. Мақомоти ин бонк дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.

Ҳамчунин амволи зиёди бонк ва амволи ба гаравмондаи қарздоронро низ савдо мекунем, гуфта буданд, масъулони бонк. 

Тибқи охирин иттилое, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал гуфт, то ин дам қарзи пардохтнашудаи “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 млн сомонро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.