Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд.
Маҳкумшудагон - сокинони ноҳияи Нуробод А. Латипов ва М.Нозиршоев узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов маъруф бо лақаби “Мулло Абдулло” буданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи геералии Тоҷикистон.
“Суди олӣ онҳоро дар содир намудани ҷинотяҳо мутобиқи моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 181 (Ғасби гаравгон) ва 186 (Бандитизм)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 19 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард”, - омадааст дар хабар.
Онҳо то соли 2010, замони барҳам додани гурӯҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, узви ин дастаи ҷиноятпеша буданд. Гурӯҳи ҷиноятпешаи “Мулло Абдулло” замони ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави ноҳияи Нуробод ба амалҳои бадкирдоронаву худсарӣ ва бедодгариву ҷинояткориҳо даст мезад.
“Соли 1999 яке аз занони маҳаллӣ ба Мулло Абдулло шикоят мекунад, ки шавҳараш нисбати ӯ хиёнату бевафоӣ мекунад ва бо дигар зан муносибатҳои маҳрамона дорад”, - қайд мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.
Гуфта мешавад, Мулло Абдулло ба маҳкумшудагон супориш медиҳад, ки “шавҳари хиёнаткорро ҷазо диҳанд”.
“Онҳо мардро гаравгон гирифта, танҳо баъди аз падараш гирифтани маблағи калони пулӣ ва молу амвол ӯро раҳо мекунанд”, - қайд мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз барҳам хӯрдани гурӯҳи Мулло Абдулло онҳо ба Русия рафта, дар ҳамон ҷо пинҳон шуда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста